Бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи тирпарронии шадид, ҳайати коршиносони Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи 1-уми сентябр аз шаҳри Запорожйеи Украина ба сӯйи нерӯгоҳи атомии ҳамномаш дар шаҳраки Энерходар рафтанд.
Нерӯгоҳ зери назорати нерӯҳои Русия аст.
Рафаэл Гроссӣ, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, нозирон аз “фаъол шудани низомиён дар минтақа” огоҳанд, аммо барои боздид аз нерӯгоҳ ва дидор бо кормандонаш кӯшиш мекунанд.
Мири шаҳр Дмитрий Орлов дар Telegram навишт, нерӯҳои Русия “Энерходарро субҳи барвақт тирборон карда, аз мушакҳо низ истифода намуданд.”
Нерӯҳои Русия ва Украина борҳо якдигарро ба тирборон кардани нерӯгоҳ гунаҳкор карда, нигарониҳоро аз фалокати ҳастаӣ афзоиш додаанд.