Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров рӯзи 1-уми сентябр дар ҷаласаи нахустини порлумони ин кишвар баъди таътили тобистона гуфт, бояд беш аз 120 лоиҳаи қонун баррасӣ карда шавад.
"Мо бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-1"-ро оғоз кардем. Қаблан дар соли 2014 ҳисоб карда шуд, ки барои сохтмони он 3 миллиард доллар лозим аст. Ҳоло нархи маҳсулоти лозимӣ ба таври назаррас боло рафтааст. Бинобар ин, акнун аз 5 то 6 миллиард доллар лозим аст. Барои ҷамъоварии ин маблағи калон ба як қатор қонунҳо тағйирот ворид кардан даркор. Рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой имзои созишнома дар бораи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳам дар назар аст. Тибқи пешбиниҳо, барои ин тарҳ ҳам аз 5 то 7 миллиард доллар лозим мешавад", - изҳор дошт Жапаров.
Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, рӯзи 8-уми июн ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-1" дар вилояти Ҷалолободи он кишвар ҳусни оғоз бахшид. Дар маросими оғози сохтмон Ҷабборов гуфт, дар марҳилаи аввали сохтмон наздики 1,5 миллиард сом ҷудо шудааст.
Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон изҳор доштанд, ки нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро якҷоя месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, нерӯгоҳи "Қамбарота-1" дар якҷоягӣ сохта шавад.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз аввали солҳои 2000-ум эълон шуда буд, аммо то ин замон тарҳ амалӣ нашудааст. Сармуҳандиси ширкати "Роҳи оҳани Қирғизистон" Роман Спасский ахиран хабар дод, ки таҳияи асоснокии техникиву иқтисодии тарҳи мазкур дар семоҳаи дувуми соли 2023 ба поён хоҳад расид.