Русия бо Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна размоиши низомӣ мегузаронад

Акс аз бойгонӣ.

Русия ба даври навбатии размоиши низомӣ, ки дар он тақрибан 50 ҳазор сарбоз иштирок хоҳад кард, омодагӣ мебинад.

Дар размоишҳо, ки рӯзи 1 сентябр шуруъ шуда, як ҳафта идома хоҳанд кард, сарбозони Чин, Ҳиндустон, Лаос, Муғулистон, Никарагуа, Алҷазоир, Сурия ва ҳамчунин низомиёни Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Намояндагони Вазорати дифои Русия гуфтанд, ки ин размоишҳо хусусияти дифоӣ доранд ва алайҳи ягон кишвари мушаххас нигаронида нашудаанд.