Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов гуфт, истифодаи телефони мобилӣ аз оғози соли хониш дар дарсҳои мактаб манъ хоҳад буд.
"Таъкид мекунам, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар синфхона манъ аст. Барои он ки телефонҳои мобилӣ талабаҳоро аз дарс парешон накунанд", - изҳор дошт вазир.
Қоидаҳои нави беҳдоштӣ , ки истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳои Русия манъ мекунанд, аз 1 январи имсол ба иҷро даромаданд. Дар "Роспотребнадзор" гуфтанд, экрани телефони мобилӣ хурд аст, аз ин рӯ омӯзиши иттилооти нав дар бораи он метавонад ба фишори узвҳои биниш ва вайроншавии қомат сабаб шавад.
Масъалаи манъи истифодаи телефон дар мактабҳои Русия соли 2021 матраҳ шуда буд. Сипас муовини раиси "Роспотребнадзор" Ирина Брагина изҳор дошт, ки овардани телефони мобилӣ ба мактаб манъ нашудааст, аммо он набояд ҳамчун воситаи омӯзиш истифода шаванд.