Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон як шаҳрванди Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии сарҳад боздошт карданд.
Дар хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, шахси боздоштшуда зодаи вилояти Иссиқкӯл мебошад. Ӯ дар боздоштгоҳи рақами 1-и вилояти Алмато нигаҳдорӣ мешавад.
"Консулгарии генералии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрванд Т.А.О. чораҳои лозимиро меандешад ва вазорат консулгариро муваззаф кардааст, ки барои таъмини тафтишоти ҳамаҷониба ва воқеъбинона бо мақомоти дахлдори Қазоқистон ҳамкорӣ кунад. Ин масъала таҳти назорати Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Қазоқистон моҳи январи имсол низ як шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони убури ғайриқонунии марз дастгир карда буд. Сиймиқ Омурбек дар чарогоҳи Қарқираи вилояти Иссиқкӯл тасодуфан марзро гузашт. Дар натиҷа ҷарима ва ба муддати 5 сол аз ҳаққи вуруд ба Қазоқистон маҳрум шуд.