Як гуруҳ аз донишҷӯёни узбекистонӣ, ки барои таҳсил ба шаҳрҳои Краснодар ва Кубан фиристода шуда буданд, 28-уми август бо нашри муроҷиатномае гуфтанд, “дар кӯча мондаанд”.
Ин донишҷӯён мегӯянд, 30-юми август онҳоро аз хобгоҳ меронанд ва аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дархости кумак кардаанд.
Ба гуфтаи донишҷӯён, “роҳбарияти Донишкадаи тиббии Фарғона онҳоро фиреб додааст. Тибқи шартнома онҳо бояд се сол дар Узбекистон ва ду сол дар Русия таҳсил мекарданд. Дар Русия бархеи онҳоро қабул карда, бархеи дигарро напазируфтаанд.”
“30-юми август моро аз хобгоҳ меронанд. Мо ҷои рафтан надорем. Ҳоло шартномаҳои мо қатъ шудаанд ва мегӯянд, ки донишҷӯй нестем", - мегӯяд яке аз донишҷӯён.
Раҳбарияти донишгоҳи Русия ба онҳо гуфтаанд, ки пули шартнома се сол боз ба суратҳисоби донишгоҳ ворид нашудааст, бинобар ин, қарордод бо Узбекистон қатъ карда шуд.