Тазоҳуроти занон дар чанд шаҳри Қазоқистон

Сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон рӯзи 29-уми август бо талаби поин бурдани синни нафақа барои бонувон гирдиҳамоӣ карданд.

Беш аз даҳ зан дар майдони "Наврӯз"-и шаҳри Чимкенти Қазоқистон бо шиорҳои зерин гирдиҳамоӣ карданд: “Мо талаб мекунем, ки синни пиронсолӣ ба 58-солагӣ баргардонида шавад” ва "Боло бурдани синни нафақа танҳо барои бонувон нақзи Конститутсия аст".

Дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Алматои Оқтеппа низ як гуруҳи бонувон бо талаби ҳамсон таҷаммуъ карданд. Дар таҷаммуъ ҳудуди 50 зан иштирок дошт. Бонувонро ҷавононе дар либоси мулкӣ бо телефон ба навор гирифтанд.

Созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ қаблан гуфта буданд, ки дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Костанай, Павлодар ва Семей низ чунин таҷаммуъҳо баргузор карда мешавад.

Пештар низ сокинони Қазоқистон талаб карда буданд, ки синни баромадан ба нафақа барои занон то ба 58 муайян карда шавад.

Қарор аст, дар Қазоқистон то соли 2027 синни ба нафақа баромадани занону мардон ба 63-солагӣ баробар карда шавад. Ҳоло ҳар соле синни ба нафақа баромадани занонро 6 моҳ тамдид мекунанд. Занон талаб доранд, ки онҳоро дар 58-солагӣ ба нафақа рухсат диҳанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон беш аз 2 миллион нафақахӯр ҳастанд.