Рӯзи 29-уми август дар Покистон амалиёти густурдаи мадад ба мардуми манотиқи офатзада оғоз ёфт.
Мақомоти Покистон гуфтанд, аз моҳи июни имсол то 28-уми август дар натиҷаи омадани селу обхезиҳо 1061 кас ҷон бохтанд.
Сели имсола ба беш аз 33 миллион нафари дигар зарар расонда, тақрибан як миллион хонаро вайрон кардааст. Ба иттилои расмӣ, зиёда аз ду миллион гектар замини кишт, беш аз 3400 километр роҳ ва тақрибан 150 пул (купрӯк) низ нобуд шуд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ҳангоми дидор аз як минтақаи селзада офатҳои табииро дар он кишвар бесобиқа хонд.
Ӯ хоҳони ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва айни замон ваъда кард, ки ҳукумати Покистон ба ҳар оилаи осебдида 25 ҳазор рӯпияи покистонӣ ё 100-долларӣ медиҳад.
Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои мададрасон ваъда кардаанд, ки ба мардуми офатзада дар Покистон миллионҳо доллар ёрӣ хоҳанд кард.