Дар Узбекистон як мард ҳамсарашро баъди латукӯб дар боғча куштааст

Акс аз бойгонӣ

Марде, ки ҳамсарашро дар яке аз боғчаҳои вилояти Тошканди Узбекистон дар назди кӯдакон зада буд, дертар ӯро ба қатл расондааст.

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, ин куштор дар заминаи рашк содир шудааст.

Қаблан дар Интернет наворе пайдо шуд, ки нишон медиҳад як мард занеро таҳқир ва латукӯб мекунад. Ҳодиса шоми 24-уми августи имсол рух додааст.

Дар хабари расонаҳои маҳаллӣ омадааст, сокини маҳаллаи Пахтакор С.Х.-и 31-сола ҳамсари 24-солааш М.Х.-ро дар заминаи рашк задааст.

С.Х. як рӯз баъд тавассути тиреза вориди хонаи модарарӯсаш шуда, ҳамсарашро, ки ба онҷо паноҳ бурда буд, куштааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси "куштор" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.