Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон номзадии раҳбари нави Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистонро тасдиқ кардааст, ки моҳи гузашта шоҳиди нооромӣ ва марги 21 нафар шуд.
Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои олии Қароқалпоқистон дар шаҳри Нуқус ширкат кардааст ва бо ризоияти ӯ Амонбой Орунбоев, раиси нави шӯро интихоб шудааст. Орунбоевро ба ҷойи Мурод Камолов интихоб кардаанд, ки ӯ рӯзе пештар аз мақомаш барканор шуд.
Рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Нуқус тазоҳурот сар зад ва сабабаш ҳам пешниҳод дар тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистон буд, ки Қароқалпоқистонро аз ҳаққи дарёфти истиқлол аз роҳи раъйпурсии умумӣ маҳрум мекард. Бинобар норизоиятии мардум, Мирзиёев рӯзи 2-уми июл ба Нуқус рафт ва аз тағйироти пешниҳоди ба Конститутсия даст кашид.
Иттиҳоди Аврупо хостори таҳқиқи мустақилонаи ҳодисаҳои Қароқалпоқистон шуд, то соли 1936 як кишвари шӯравӣ буд, вале сипас ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.