Эммануел Макрон гуфт, "акнун тӯб дар майдони Эрон аст"

Эммануел Макрон гуфт, акнун навбати Эрон аст, ки тасмим бигирад.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, акнун ба Эрон бастагӣ дорад, ки тасмим бигирад, оё метавон, созиши атомии соли 2015-ро эҳё кард, ё не.

Ҳангоми гуфтугу бо хабарнигорон дар Алҷазоир дар рӯзи 26-уми август, Эммануел Макрон аз тахмин задан дар бораи имкони расидан ба созиш худдорӣ кард, вале гуфт, шароити пешниҳодӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо “беҳтар аз адами созиш аст”.

Ба қавли раиси ҷумҳури Фаронса “Акнун тӯб дар замини Эрон аст.” Пас аз пешниҳоди матни созиш аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба Теҳрон ва Вашингтон дар моҳи июл Эрон ба он ҳафтаи гузашта посух додааст. Вашингтон ба пешниҳодоти Эрон ҳам ду рӯз пеш ҷавоб додааст ва мақомоти эронӣ мегӯянд, ки онҳоро баррасӣ доранд.

Амрико мегӯяд, аз даст кашидани Эрон аз баъзе талаботаш ташвиқ шудааст, аз ҷумла аз бардоштани номи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз феҳрасти созмонҳои террористӣ, вале баъзе аз масоил мондааст, ки бояд ҳал шавад. Эрон соли 2015 бо Амрико, Фаронса, Олмон, Бритониё, Русия ва Чину Иттиҳодияи Аврупо як созиши фарогири атомӣ имзо кард.

Бар асоси он, Эрон аз баъзе фаъолиятҳои атомӣ, аз ҷумла ғанисозии ураниуми ғализ даст кашид ва бисёре аз таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд. Аммо Доналд Трамп раиси ҷумҳури собиқ соли 2018 Амрикоро яктарафа аз созиш хориҷ карду таҳримотро баргардонд ва Эрон ҳам батадриҷ аз иҷрои тааҳудоти худ дар ин созиш даст кашид.