Таҳқиқи парвандаи раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистон ба поён расидааст

Карим Масимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.

Кумитаи амнияти миллии (КАМ) Қазоқистон рӯзи 25 август хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи раиси пешини ин кумита Карим Масимов ва муовинонаш ба поён расидааст.

Амалҳои Карим Масимов ва сардори пешини хадамоти махсуси "А" Ануар Садиқулов бар асоси моддаҳои "хиёнат ба давлат", "ғасби худсаронаи ҳукумат", "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" таҳқиқ шудааст.

Муовини пешини раиси КАМ Даулет Ергожин бо моддаҳои "ғасби ҳокимият" ва "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" айбдор мешавад.

Муовини дигари раиси пешини КАМ Марат Осипов низ бо моддаи "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" айбдор гардидааст. Ду муовини дигар Акипов ва Бекмурод ҳам бо моддаи "баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" айбдор шудаанд.

Дар авҷи ҳаводиси хунуни моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон раиси КАМ Карим Масимов аз мақом барканор ва боздошт шуд. Масимов яке аз одамони наздики президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев унвон мешавад.