Женишбек Талгарбеков, вакили порлумони Қирғизистон, пешниҳод дорад, ки баъзе аз имтиёзҳои ду президенти пешин бекор карда шаванд.
Дар лоиҳаи қонуне, ки вай таҳия кардааст, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти коммуналии ду президенти пешин бекор гардад.
Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, президентҳои пешин аз истифодаи истироҳатгоҳ ё "дача"-ҳои давлатӣ ва хадамоти алоқа маҳрум гарданд. Вай барои намуна, аз Туркия ва Куриёи Ҷанубӣ мисол овардааст, ки президентҳои пешин чунин имтиёзе надоранд.
Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева дар Қирғизистон мақоми президенти пешинро доранд. Ба онҳо муҳофизати якумрии давлатӣ, истифодаи истироҳатгоҳи давлатӣ, пардохти 75 дарсади маоши замони президентӣ, инчунин истифодаи ройгони алоқаи мобилӣ дода шудааст.
Пештар як гуруҳ аз фаъолони Қирғизистон бо ҷамъоварии имзо талош доштанд, ки ду президентро аз мақоми президенти пешин маҳрум кунанд.
Ин дар ҳолест, ки президентҳои дигари Қирғизистон - Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро надоранд.