Владимир Путин, президенти Русия, ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой даъват кард. Ин нишаст рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор мешавад.
Путин ҳамчунин президенти Сурия Башар Асадро ба саммит даъват кардааст. Хабаргузории "Тасним" бо такя ба манобеи худ навишт, Эрдуғону Асад мумкин аст, дар Узбекистон мулоқот кунанд.
Ба зудӣ ҳайате аз "дипломатҳои собиқадор"-и Туркия ба Сурия сафар карда ва бо Башор Асад мулоқот мекунанд.
Ба навиштаи "Тасним", ҳайати Туркия бо ҳавопаймои хурди дорои 12 ҷойи нишаст ба шаҳри Димишқи Сурия парвоз мекунад. Дар 10 соли охир ин нахустин парвоз аз Туркия ба Сурия хоҳад буд.
Дипломатҳои собиқадор баррасии барқарории муносибатҳои ду кишвар, муборизаи муштарак зидди терроризм дар шимоли Сурия ва бозгардонии гурезаҳоро дар дастури кор доранд.
Ба навиштаи "Тасним", агар мулоқоти дипломатҳо "мусбат анҷом шавад", пас мулоқоти президентҳои Туркияву Сурия дар Самарқанд доир хоҳад шуд. Роҳбарони ду кишвар аз соли 2011 то ин замон гуфтугӯ накардаанд.