"Рӯз мегузарад, аммо беҳ намешавад." Чаро Мирзовалӣ Шарипов омӯзгориро тарк накард?

Мирзовалӣ Шарипов

Дар бештар аз як соли охир якбора аз мактаб рафтани тақрибан 15 ҳазор омӯзгор баҳсҳоеро дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Сабаби асосиро ба камии маош пайванд медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон то 140 ҳазор омӯзгор кор мекунанд. Онҳо бо маоше, ки мегиранд, чӣ гуна зиндагиро мечархонанд? Ҳамчун омӯзгор, чӣ имтиёзҳо ва кафолатҳое доранд? Ва чӣ умеду орзуҳое?

Мирзовалӣ Шарипов 18 соли охир бе таваққуф дар мактаб дарс мегӯяд. Ҳеч вақт ба муҳоҷирати корӣ нарафтааст ва ягона манбаи даромадаш музди омӯзгорӣ будааст. Ӯ дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зиндагӣ ва дар мактаби деҳа ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад. Суҳбат бо ӯ аз он ҷо шуруъ шуд, ки чаро ин касбро интихоб кард?

ӯдак будам…"

“Ҳама мепурсиданд, ки кӣ мешавӣ. Гуфтам, муаллим. Баъд аз хатми мактаби миёна, соли 1988, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон супоридам. Аз имтиҳони риёзӣ нагузаштам. Соли 1990 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Ба вилояти Каленингради Русия фиристоданд. Дар охири соли 1991 СССР барҳам хӯрд, аз қисми низомии мо ҳамаи қазоқистониҳову узбекистониҳоро пеш аз адои муҳлат ба ватанашон баргардониданд. Мо 8 тоҷикистонӣ будем, то моҳи июни соли 1992 истодем, ду соли хидматро пурра адо кардаву баъд баргаштем”, - нақл кард Мирзовалӣ Шарипов.

Вай замоне ба Тоҷикистон баргашт, ки кишвар дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ орзуи муаллим шуданро дар дили Мирзовалӣ «кушт». Аз соли 1992 то соли 2003 ба кор дар пахтазору гандумзор гузашт. Тобистони соли 2003 ӯро ба маҷлисе даъват карданд, ки шуълаи хомӯшшуда дубора аланга гирифту рӯшан шуд.

“Аз шуъбаи маорифи ноҳия омада буданд, дар мактаби деҳаи ҳамсоя маҷлис карданд. Гуфтанд, дар мактабҳо омӯзгор намерасад, ҳар кас хоҳиш дорад, метавонад, дар коллеҷи омӯзгории ноҳия ҳуҷҷат супорад. Таҳсил буҷавӣ”, - нақл кард муаллим Шарипов.

Мирзовалӣ Шарипов дар ин мактаб кор мекунад

Ҳамон маҷлис буду ҳамон даъват, ки Мирзовалӣ бидуни истиҳола тасмим гирифт, ба коллеҷ ҳуҷҷат супорад. Пас аз 15 соли хатми мактаби миёна донишҷӯ шуд. Соли аввал таҳсил рӯзона гузашт, соли дувуму севум – ғоибона. Зеро соли таҳсили 2004 - 2005 ба мактаби деҳа ба ҳайси омӯзгор пазируфта шуд.

“Дар соли аввал 120 сомонӣ маош доштам. Соҳиби ҳамсару фарзандону хонаи алоҳида будам. 120 сомониро ба харҷҳои муҳими зиндагӣ сарф мекардам. Аз ҳосили замину парвариши 1-2 чорво, дар хона, норасоии буҷаи оиларо мепӯшонидам. 18 сол гузашт, маош ба 1300 сомонӣ расид, хона ҳамон хона аст, дахлу харҷ ҳамон, каму беши зиндагӣ ҳамон”, - мегӯяд муаллим Шарипов.

"Муаллим, чӣ ҳол дорӣ?"

Чанд соли охир дар Тоҷикистон музди меҳнати кормандони буҷавӣ, аз ҷумла омӯзгорон, пайи ҳам даҳ дарсаду 15 дарсад афзуд. Радиову телевизион ва дигар расонаҳои давлатӣ ҳар дафъаи болоравии музди меҳнат аз беҳшавии рӯзгори кормандони буҷавӣ хабар медиҳанд.

Мирзовалӣ Шарипов мегӯяд, бо вуҷуди болоравии фоизҳои маош, бо меҳнати омӯзгорӣ “рӯзаш мегузарад, аммо беҳ намешавад”. Вай гуфт, аз 1300 сомонии маош 300 сомонии онро пасандоз, 500 сомониашро харҷи фарзандон ва 500 сомонии дигарро равғану шакару дигар маҳсулоти ниёзи аввалро мехарад. Гандум ва сабзавотро дар замини назди ҳавлиаш кишт мекунад.

“Орд намехарем. Агар орд мехаридем, яқинан, ки бо ин маош зиндагӣ намечархид. Дар 20 садяк замин гандум ва картошкаву пиёзи барвақтӣ кишт мекунам. Қисме аз ҳосилро мефурӯшам, қисми дигарро захира мекунам. Ҳамин сол 1,5 ҳазор сомонӣ картошка фурӯхтам, 700 сомонӣ пиёз”, - гуфт Шарипов.

Ҳамчун омӯзгор вай дар пардохти андози замин имтиёз дорад, аммо ҳамагӣ барои 6 садяк замин. “Дигар тақрибан имтиёзе надорем. Ҳамин сол ба осоишгоҳе дар ноҳияи Восеъ истироҳат рафтам. Барои омӯзгорон 50% сабукӣ будааст. Имтиёзи дигаре нест”, - гуфт Мирзовалӣ Шарипов.

Мирзовалӣ Шарипов

Аз он ҷо ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз хонандагону омӯзгорон пӯшидани либосҳои тавсиявиро, ба истилоҳ, “талаб” мекунад, муаллим Шарипов низ бо шиму костюм ба дарс меравад.

“Як шиму костюмро ду сол мепӯшам, вале ҳар сол барои мактаб як куртаву як пойафзол мехарам. Шиму костюми гаронтарине, ки дар солҳои омӯзгорӣ харидам, 450 сомонӣ арзиш дошт. Пойафзолро то 160 сомонӣ харидаам. Курта 90 сомонӣ,” - гуфт вай.

Мирзовалӣ Шарипов афзуд, дар 18 соли омӯзгорӣ ҳамагӣ як бор дар фикри тарки мактаб шудааст. Он ҳам замоне ки аз дорухонаи маҳалла 180 сомонӣ қарздор шуд.

“Ҳамсарам бемории музмин дорад. Пайваста бо дору зиндагӣ мекунад. Зимистони ҳамин сол дигар маблағ пайдо нашуд, доруро қарз гирифтам. Сахт дар фикри муҳоҷират шудам. Вале шукри Худо, баъд аз чанд ҳафтааш бемории ҳамсарам ҳам сабук шуду қарзро низ пардохтам ва фикри муҳоҷиратро ҳам тарк кардам”, - афзуд муаллим Шарипов.

Сарфи назар аз он ки мактаби №56 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам аз маркази маъмурии ноҳия дуртар ҷойгир аст ва ҳам ин деҳа то маркази ноҳия роҳҳои ноҳамвору мушкилгузар дорад, қарору дастур ва супоришҳои Вазорати маориф ва илм то ин мактаб мерасанд. Аз ҷумла, обуна ба нашрияҳо.

Муаллим Мирзовалӣ Шарипов мегӯяд, вай ва 11 тани дигар аз ҳамкоронаш ба қимати 270 сомонӣ обуна мешаванд. Вай 4 нашрияро интихоб кардааст: “Омӯзгор”-у “Тоҷикистон” ва “Баҳористон”-и ноҳияву “Садои мардум”.

“Интихоб медоштам, ба нашрияи “Омӯзгор” ихтиёран обуна мешудам. Зеро, барои фаъолияти омӯзгорӣ зарур аст. Муаллимону муҳаққиқон аз таҷрибаҳои худ менависанд, ки чӣ гуна навгонӣ ҷорӣ кард ва сифати корро беҳтар намуд. Шояд ба як нашрияи дигар ҳам обуна мешудам. Аммо ҳамон маблағе, ки ба нашрияҳои боқимонда обуна мешавем, ба зиндагӣ харҷ мекардам”, - гуфт Шарипов.

Ҳамаи ин ҳолатҳо ва солҳои тӯлонии кор дар як мақом дар маҷмуъ ӯро хаста кардаанд. Аммо, мегӯяд, бо кӯдакон одат кардааст. “Рӯзҳои истироҳат ба хаёлам чизеро гум кардаам. Дар роҳ хурду калон салом медиҳад, “муаллим, чӣ ҳол дорӣ?” мегӯянд, ҳамин кофист”.