Генерал Абулфазл Алиҷонӣ дар Сурия кушта шудааст

Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, генерал Абулфазл Алиҷонӣ, яке аз фармондеҳони баландрутбаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, дар Сурия кушта шудааст.

Хабаргузории "Дифоъ” рӯзи 21-уми август бо нашри хабаре дар ин бора Алиҷониро "мудофеи ҳарам" номидааст. Ин ибора ишора ба онҳоест, ки ба намояндагӣ аз Эрон дар Сурияву Ироқ кор мекунанд.

Ҷузъиёти марги генерали эронӣ маълум нест. Абулфазл Алиҷонӣ фармондеҳи нерӯҳои заминӣ дар шаҳри Исфаҳон буд.

Бино ба гузориши телевизиони “Ирон Интернешнл”, Абулфазл Алиҷонӣ ба ҳайси мушовири низомӣ дар Сурия кор мекард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2012 то кунун ба раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад аз роҳи фиристодани мушовирони низомӣ ва ихтиёриён мадад мекард.

Расонаҳои эронӣ то ҳол аз марги даҳҳо фармондеҳ ва садҳо размандагони эронӣ дар Сурия гузориш додаанд.