Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Тошканд аз тими Ҷопон мағлуб шуд

Бозӣ миёни дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Ҷопон.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов дар Тошканд ба тими Ҷопон (U-16) бо ҳисоби 0:2 бохт.

Бозӣ рӯзи сешанбе, 23-юми август, дар майдони Академияи “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд. Голҳоро Шунго Сугиура ва Шота Кофие дар нимаи дувуми дидор ба самар расониданд.

Бозии дигари даври аввали ин мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон ва Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расил.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии навбатиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мираброр Усмонов рӯзи панҷшанбе, 25-уми август, бо тими наврасони Эрон баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Кибрай»-и Тошканд соати 16:00 оғоз меёбад.

Дар мусобиқаи мазкур, ки то рӯзи 27-уми август идома хоҳад кард, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҷопон ширкат доранд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра дар варзишгоҳҳои «Кибрай», «Ҷар», «Пахтакор» ва майдони Академияи футболи бошгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд барпо мегарданд.

Ҷоми ёдбуди Мираброр Усмонов барои футболбозони навраси тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешавад. Зимнан, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар гурӯҳи «Н», ки аз 5-ум то 9-уми октябри имсол дар Душанбе сурат мегирад, бо ҳамсолонашон аз Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола дар Тошканд

Даври 1-ум

Тоҷикистон (U-16) – Ҷопон (U-16) – 0:2

Голҳо: Шунго Сугиура, 59 (0:1). Шота Кофие, 88 (0:2).

23 август. Тошканд. Майдони Академияи «Бунёдкор».

Узбекистон (U-16) – Эрон (U-16) – 1:1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

25-уми август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»

17:00 – Ҷопон (U-16) – Узбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Даври 3-юм

27-уми август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Узбекистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»