Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон сафири Украина Петр Врублевскийро ба вазорат даъват ва дар робита ба ҳарфҳояш нисбати ҷанги Русия эътироз баён кард.
Вазорат дар хабаре, ки рӯзи 23 август нашр кард, гуфтааст, "ҷониби Қазоқистон мавқеашро дар робита ба номақбул ва беҷо будани чунин ҳарфҳо аз сӯи сафири кишвари хориҷӣ баён кард". "Чунин рафтор набояд ба муносибати дӯстонаи кишварҳо халал эҷод кунад", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Сафири Украина дар Қазоқистон рӯзи 21 август дар мусоҳиба бо блогери маҳаллие дар бораи ҷанги Русия дар Украина гуфт: "Талош мекунем, ҳарчи бештар қатл кунем. Мо ҳарчи бештар русҳоро қатл кунем, фарзандони мо камтар қатл хоҳанд кард".
Ин порчаи навори сафир дар расонаҳои Русия нишон дода шуд. Онро сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ҳам дар саҳифааш дар телеграм нашр кард.
Сафири Украина ин изҳороташро то кунун шарҳ надодааст.
Русия 24 феврали соли 2022 ба ҳудуди Украина ҳамла кард. Ба иттилои СММ, то рӯзи 22 август дар пайи ин ҳамла 5587 сокини осоиштаи Украина кушта шудааст, ки аз онҳо 362 тан кӯдак будаанд.