Боздошти 24 афғонистонӣ дар ҷазираи Арал Пайғамбар 

Дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхандарёи Узбекистон рӯзи 21-уми август гуруҳе аз шаҳрвандони Афғонистон боздошт шуданд.

Ин шаҳрвандон марзи давлатии Узбекистонро ғайриқонунӣ убур карда, пеш аз боздошт ба марзбонон муқобилият нишон додаанд. Дар ин бора мақомоти марзбонии Узбекистон хабар медиҳад.

"Дар натиҷаи амалиёт ҳамаи марзшиканон (иборат аз 24 кас) боздошт шуданд", - омадааст дар хабари мақомоти марзбонии Узбекистон.

Шаҳрвандони Афғонистон дар бозпурсӣ гуфтаанд, ки барои ҷамъоварии решаи ширинбия ба ҷазираи Арал Пайғамбар омадаанд.