Дар Душанбе ёди муҳоҷирони фавтидаи қирғизро гиромӣ доштанд. ВИДЕО

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе

Ҷасади 14 муҳоҷири қирғизистонӣ, ки дар садамае дар Русия ҷон бохтанд, ба Қирғизистон интиқол ёфт. Ҳавопаймои махсус ҷасади муҳоҷиронро бегоҳи 23-юми август аз вилояти Улянови Русия ба шаҳри Уш овардааст.

Садамаи нақлиётӣ, ки боиси ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз ва захмӣ шудани 3 нафари дигар шуд, рӯзи 21-уми август дар вилояти Улянови Русия рух дод.

Барои гиромидошти хотираи муҳоҷирони фавтида рӯзи 23-юми август дар Қирғизистон мотами миллӣ эълон шуд. Дар сафорати ин кишвар дар Душанбе барои ёдбуди муҳоҷирони фавтида китоби ёддошт кушоданд.

Парчами Қирғизистон рӯзи 23-юми август дар сафорати ин кишвар дар Душанбе ба ҳолати нимаафрошта даромад. Саримбек Қучқурбаев, мушовири сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои намояндагони Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатӣ “китоби изҳори ҳамдардӣ кушода шуд.”

Аз намояндагони мақомоти тоҷик як масъули Вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳамдардӣ ба сафорати Қирғизистон омад. Намояндагони сафорат гуфтанд, аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ барқияи ҳамдардӣ гирифтаанд. Давоми ду соати аввал ба ҷуз аз намояндагони мақомот дигар касе ба сафорати Қирғизистон наомад. Сокинон мегӯянд, дар бораи ҳалокати муҳоҷирони қирғиз иттилоъ надоранд.

Саримбек Қучқурбаев, мушовири сафири Қирғизистон, гуфт, дипломатҳои қирғиз дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва бо мақомоти маҳаллии Улянов ҳамкорӣ доранд. “Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва таҳқиқот идома дорад. Идораи тандурустии Уляновск ин корро зери назорати худ гирифтааст,” -- афзуд мушовири сафири Қирғизистон.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои ин садамаро нашр карданд. Ба навиштаи корбарон, мошини борбар ба мусофирбаре бархурдааст, ки канори роҳ меистод.

Рӯзи 23-юми август баъзе аз кормандони сафорати Қирғизистон гуфтанд, гуё ронандаи мошини борбар ба сактаи қалб гирифтор шуда, мошинаш ба муҳоҷирон бархурдааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ёди муҳоҷирони қирғизро дар Душанбе гиромӣ доштанд

Солона ҳазорҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти кор ба Русия мераванд ва як қисмашон ҳамонҷо мефавтанд. Аз Тоҷикистон ҳам солона то ҳазор нафар дар Русия ҷони худро бо сабабҳои гуногун аз даст медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 480 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа, аз ҷумла Русия, ҷон додаанд.