Чанд фармондеҳи Толибон ба марз бо Тоҷикистон рафтаанд

Бадахшон. Наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, чанд фармондеҳи баландрутбаи Толибон ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон сафар кардаанд.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Вазорати мудофиаи Толибон хабар додааст, ки Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ин гурӯҳ, ҳамроҳи чанд фармондеҳи дигари Толибон ба навоҳии наздимарзии Бадахшон рафтаанд.

Онҳо бо марзбонони Толибон дар ноҳияҳои Зебок, Ишкошим, Вахон ва Шуғнони Афғонистон, ки ҳаммарз бо Вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳастанд, суҳбат кардаанд.

“Интерфакс” бо такя ба баёнияи Вазорати дифои Толибон навиштааст, фармондеҳони онҳо омодагии марзбононро ба посбонии сарҳад бо Тоҷикистон назорат кардаанд.

Тоҷикистон ҳукумати Толибонро, ки моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф кард, ба расмият намешиносад.