Баҳси ҷойгузини Ҷамолиддин Нуралиев дар порлумон

Ҷамолиддин Нуралиев ҳафт сол дар мансаби муовини раиси Бонки миллӣ кор кард

Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар ҷаласаи оянда номзадии Фирдавс Толибзода ба мансаби муовини аввали раиси Бонки миллӣ баррасӣ шавад. Ҷаласаи шӯро 22-юми август дар Душанбе гузашт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми август Фирдавс Толибзодаро ба ҷойи домодаш, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллӣ таъин кард.

Ҷамолиддин Нуралиев рӯзи 10-уми июни имсол аз мақомаш ронда шуд.

Сабаби барканориро “гузаштан ба кори дигар” гуфтанд, аммо бо гузашти беш аз ду моҳ мансаби нави ӯро муаррифӣ накарданд.

Дар сурати рад шудани номзадии як мансабдор дар порлумон, бо вуҷуди фармони президент, ӯ имкони кор нахоҳад дошт. Дар Тоҷикистон ҳеч гоҳ порлумон фармони президентро рад накардааст.