Пулиси Покистон рӯзи 22-юми август нахуствазири пешини ин кишвар Имрон Хонро ба терроризм муттаҳам кард.
Ин иттиҳом пас аз он эълон шуд, ки Хон ҳангоми суханронияш дар Исломобод ваъда дод, додрасҳо ва афсарони полисро ба додгоҳ хоҳад кашид. Вай ҳамзамон иддао кард, ки ёвари наздикаш баъди боздошт шиканҷа шудааст.
Ҳизби "Таҳрики Инсоф"-и Имрон Хон дар интернет наворҳое нашр кард, ки бинобар он тарафдоронаш дар атрофи хонаи нахуствазири собиқ истодаанд.
Шаҳбоз Гил, ёвари сиёсии Имрон Хон, дар аввали моҳи август боздошт ва ба хиёнат ба ватан муттаҳам шуд. Ӯ аз сарбозон ва афсарон даъват карда буд, ки ба супоришҳои ба гуфтааш "ғайриқонунии" раҳбарияти низомӣ итоат накунанд.
Қонунҳои Покистон барои хиёнат ба ватан ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд.
Имрон Хон соли 2018 ба қудрат расид ва дар моҳи апрели имсол дар пайи нобоварии маҷлис барканор карда шуд.
Мухолифон ӯро дар мушкилоти иқтисодии Покистон муттаҳам карданд.