Жозеп Боррелл озодии Алексей Навалнийро тақозо кард

Алексей Навалний аз дохили зиндон дар мурофиаҳои додгоҳии худ иштирок мекунад

Дар дуюмин солгарди заҳролудкунии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний намояндаи аршади Комиссиюни Аврупо Жозеп Боррелл аз шеваи бархӯрд ба сиёсатмадори зиндонӣ интиқод кард ва озодии билофосилаи ӯро тақозо намуд. Дар изҳороте, ки Боррелл рӯзи 20-уми август дар Телеграм канал нашр кард, гуфт, ки Комиссиюни Аврупо “талошҳои куштори Навалнийро башиддат маҳкум мекунад” ва аз Русия хост, ки “ӯҳдадориҳояшро бар асоси Эъломияи силоҳҳои кимиёӣ иҷро кунад”.

Боррелл ҳамчунин аз баста шудани созмони Навалний бо тамғаи “ифротгаро” ва таъқибу зиндоникунии аъзои тими ӯ интиқод кардааст. Моҳи августи соли 2020 Навалний, ки муассиси Бунёди зиддикоррупсия ва ифшогари нақшаҳои фосиди мақомдорони калони ҳукумати Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин мебошад, ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав ногаҳон аз ҳуш рафт ва ӯро ба беморхонаи шаҳри Омск интиқол доданд.

Аз он ҷо ӯро ба як беморхонаи Олмон бурда маълум карданд, ки бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Бо айни чунин заҳр соли 2018 дар Инглистон собиқ афсари низомии рус Сергей Скрипалро ҳам талош карданд аз байн бубаранд. Навалний баъди муолиҷа гуфт, ки ин кори дасти афсарони ФСБ буда, бо амри бевоситаи Путин анҷом шудааст. Кремлин ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Январи соли 2021 ҳангоми бозгашти Навалний аз Берлин ӯро боздошт ва як моҳ баъдаш бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаи озодии шартӣ аз рӯи парвандаи дигаре ба 2,5 соли зиндон маҳкум карданд. Бар асоси парвандаи дигаре дар барои азхудкунии маблағҳову беэҳтиромӣ ба додгоҳ ба нӯҳ соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин ҳукмҳоро рад карда онро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.