Як узви Шӯрои Федератсия – маҷлиси болоии Русия баъди интиқоди духтараш аз ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина аз ӯ рӯ тофта “хоин” номид. Эдуард Исаков, ки дар Шӯрои Федератсия аз минтақаи Ханти-Мансийски шимоли Русия намояндагӣ мекунад, дар Телеграм-каналаш рӯзи 19-уми август навишт, “маълум аст, ки ӯ барои мусоҳибааш ба баъзе расонаҳо пул гирифтааст. Ба забони дигар гӯем, ӯ падар, оила ва ватанашро фурӯхт”. “Вақте духтарат хоин мешавад, ҳатто ҳарфе намеёбӣ, ки бигӯӣ”, гуфт падар.
Духтари калонии ӯ – Диана Исаковаи 25-сола дар як мусоҳибааш бо “Медуза” ва Би-Би-Си ахиран гуфт, ки аз Русия берун шуд ва мехоҳад дар хориҷа бар зидди ҷанг “як оппозитсияи наве”-ро созмон бидиҳад. Волидони ӯ муддатҳои зиёд аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд ва ӯ гуфтааст, ки бо падараш робитаҳои наздик надорад.
Ӯ гуфт, “вақте ҷанг сар шуд, ман эҳсоси гуноҳ доштам”. “Акнун ман масъулияти ҳарфу амали худро ба дӯш гирифта, барои мардум кӯмак мекунам, барои мухолифон ва барои мардуми рус”.
Падар дар Телеграм-каналаш иддао кард, ки аз сесолагӣ дур аз духтараш зиста, ӯ дорои мушкилоти равонӣ мебошад. Моҳи апрел Диана дар як намоиши эътирозии зиддиҷангӣ дар Сочи иштирок кард ва падар ҳамон замон аз “зарурати” роҳандозии “амалиёти низомӣ” алайҳи Украина гап зад.
Ҷанги беасосе, ки Русия моҳи феврал алайҳи Украина шурӯъ кард, бисёриҳоро дар ҷомеаи Русия тақсим кардааст.