Русияву Тоҷикистон вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд

Николай Патрушев рӯзи 18-уми август бо Насрулло Маҳмудзода гуфтугу кардааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои расмии Русия дабирони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон мавзӯи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ дар пасманзари фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Мулоқоти Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода рӯзи 18-уми июл дар Тошканд сурат гирифтааст.

Ҷанги бедалели Русия дар Украина ва вазъи минтақаҳои ҷудоиталаби ин кишвар низ дар меҳвари гуфтугӯҳо будааст. Хабаргузории "Интерфакс" менависад, дар мулоқот «таваҷҷӯҳи вижа ба вазъи Афғонистон ва амиқтар шудани бӯҳрони башарию иқтисодӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар равона шуд». Ҷузъиёти сӯҳбатҳо дар бораи ҷанг дар Украинаро нагуфтаанд. Танҳо гуфта шудааст, ки дар мулоқот вазъ дар Украина ва Донетску Луҳанск, ки минтақаҳои ҷудоиталаби мавриди ҳимояти Маскав ба ҳисоб мераванд, баррасӣ шудааст.

Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст ва дар хоки ин кишвар пойгоҳи низомии 201-уми он мустақар аст. Дар хабари дигари расонаҳои Русия гуфта мешавад, ки дар машқҳои низомии ахир дар ҳудуди пойгоҳ нирӯҳои мудофеаи зиддиҳавоӣ ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини душмани шартӣ муқовимат нишон доданд.

Дар пойгоҳи 201-ум ҳафт ҳазор низомӣ хидмат мекунад. Бар асоси бархе хабарҳо, низомиёни ин пойгоҳ ҳам барои ширкат дар ҷанги Русия дар Украина ҷалб шудаанд.