Дабири кулли Созмони Милал ба Украина меравад

Антонио Гутерреш

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба Украина сафар мекунад ва рӯзи 18-уми август бояд бо президентони Украина ва Туркия дидору мулоқот кунад. Дар ин сафар ӯ инчунин аз соҳилҳои Баҳри Сиёҳ дидан мекунад, ки аз он ҷо содироти гандуму дигар ғалладонаи Украина аз сар гирифта шудааст.

Стефан Дуйаррич, сухангӯи СММ гуфт, ки президенти Украина Владимир Зеленский бо Гутерриш дар шаҳри Лвов, ғарби Украина мулоқот мекунад ва яке аз мавзӯъҳо баррасии вазъи амниятӣ дар неругоҳи атомии Запорожйе мешавад, ки ҳоло аз ҷониби нирӯҳои Русия ишғол шудааст. Мавзӯи эҳтимоли хатми ҷанг ҳам дар сӯҳбат бо Гутерришу Зеленский матраҳ мешавад.

Баъди нашри хабарҳо дар бораи гулӯлаборони атрофи неругоҳи атомии Запорожйе, ки азимтарин нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо аст, Гутерриш ҳам аз хатари сар задани фоҷеа изҳори ташвиш карда буд. СММ пешниҳод кард, ки метавонад, мутахассисони Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаиро барои кӯмак фиристад, вале Русия нагузошт, ки коршиносони байналмилалӣ ба неругоҳ роҳ ёбанд. Зеленский рузи 16-уми август Русияро дар “терроризми ҳастаӣ” ва Маскав артиши Украинаро дар тирборони атрофи корхона айдор карданд.

Гутерриш рӯзи 20 август инчунин аз кори маркази муштараки ҳамоҳангсозӣ дар Истамбул дидан мекунад, ки масъулияти назорати ҳаракати киштиҳои гандумро аз Украина ба ӯҳда дорад. Президент Раҷаб Тайи Эрдуғон борҳо гуфтааст, ки ба унвони як кишвари узви НАТО метавонад, дар ин низои миёни ду кишвар миёнҷигӣ кунад.