Як мақоми Русия мегӯяд, Маскав «хостори ин нест, ки тахминан сад чархболу ҳавопаймоҳое, ки соли гузашта низомиёни афғонистонӣ ба Узбекистону Тоҷикистон оварданд, ба Украина роҳ ёбанд». Замир Кобулов, фиристодаи Маскав дар Афғонистон дар ин бора дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии РИА Новости изҳори назар кардааст.
Кобулов дар сӯҳбати ихтисосиаш ба хабаргузории русӣ гуфтааст: «Барои мо муҳим ин аст, ки чархболу ҳавопаймоҳое, ки баъди фирори фармондеҳону низомиёни Афғонистон дар хоки Узбекистону Тоҷикистон мустақар кардаанд, ба Украина роҳ наёбанд. Дар Тоҷикистон тахминан 60 ва дар Узбекистон то 40-50 адад ҳастанд».
Маълум нест, ки заминаи шубҳаву тахминҳои мақоми Русия чӣ аст ва то куҷо ин изҳорот метавонад ба гунае таҳдид ё фишор болои мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли 2021 баъди ғасби Кобул аз тарафи Толибон бо теъдоде аз чархболу ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Узбекистон фирор карданд. Толибон хостори бозгардони ин чархболу ҳавопаймоҳо шудаанд, вале ҷавоби рад гирифтаанд.
Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд". Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд.