Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ дар Русия мегӯянд, шумори зиёди шаҳрвандони ин кишвар талош доранд, ки ба визаи Шенген даст ёбанд. Марина Широкова, мудири ширкати “Визаход” ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки муроҷиатҳо барои гирифтани визаи Шенген, ки сафар ба кишварҳои Аврупоро таъмин мекунад, дар давоми ду ҳафтаи гузашта 40 % афзудааст.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши муроҷиатҳо бо тарси маҳдуд шудани имконияти визагирӣ барои шаҳрвандони Русия рабт мегирад. Рӯзи 8-уми август дар як даъваташ президенти Украина Владимир Зеленский аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо хост, ки ба хотири ҷазо додани Маскав барои ҳуҷуми беасосаш ба хоки Украина шаш моҳ пеш сафари туристони русро ба хоки Иттиҳоди Аврупо манъ кунанд.
Се рӯз баъдаш вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Рейнсалу гуфт, ин кишвар шаҳрвандони Русияро, ки аз ҷониби ҳукумати Эстония визаи Шенген ба даст овардаанд, ба хокаш роҳ намедиҳад. Шаҳрвандони Русия то ҳол ҳам ба хотири ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина мушкили сафар ба Аврупо доранд. Чандин кишвар додани виза ба русҳоро манъ кардаанд.
Зиёда аз ин, ҳавопаймоҳои русӣ ҳақи парвоз дар ҳарими ҳавоии Аврупоро надоранд. Бисёр русиягиҳо талош доштанд тавассути хоки Финляндия ё кишварҳои назди Балтика вориди минтақаи Шенген шаванд, вале зоҳиран, баъди даъвати ахири Эстония ин роҳ ҳам мушкил хоҳад шуд.