Ҳушанги Соя, шоири маъруфи эронӣ, даргузашт

Ҳушанги Соя, шоир

“Имшаб ба қиссаи дили ман гуш мекунӣ, Фардо маро чу қисса фаромуш мекунӣ," сарояндаи ин шеъри маъруф, Ҳушанги Соя шаби 10- уми август дар сини 94-солагӣ даргузашт.

Ялдо Ибтиҳоҷ, духтари шоири маъруфи эронӣ, бо интишори байте аз падараш дар Телеграм навишт: “Сояи мо бо ҳазорсолагон сар ба сар шуд”

Бахши Фардои Радиои Озодӣ бо нашри ин хабар рӯзи 10-уми август навишт, сабаби даргузашти Ҳушанги Соя ҳанӯз эълом нашудааст.

Дар моҳи июли соли равон ба далели бемории гурда чанд рӯзе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кёлни Олмон, шаҳре, ки дар он зиндагӣ дошт, бистарӣ будааст.

Шеъри Ҳушанги Соя мисли дигар аз сурудаҳои шоирони номдори муосири Эрон, ба мисли Нимо Юшиҷ, Нодирпур, Фуруғи Фаррухзод, Шаҳриёр, ва Симини Беҳбаҳонӣ, дар Тоҷикистон маъруф аст.

Аҳли адаби тоҷик ва алоқамандони шеъри Соя дар саҳифаи иҷтимоии интернети рузи 10-уми август аз даргузашти шоири бузурги Эрон сугномаҳои худро нашр кардаанд.

Субҳон Аъзамзод, адабиётшиноси тоҷик навиштааст: “Ин бор дигар лаби Соя барои ҳамешагӣ хомӯш монд. Имрӯз ҳам ҷо рӯзи қиссаи Соя аст, Сояе, ки ҳаргиз фардо фаромӯш нахоҳад шуд.”

Ҳушанг Ибтиҳоҷ соли 1928 дар шаҳристони Рашт (дар шимоли Эрон) чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон меравад. Ӯ бо тахаллуси Соя ба шеър навиштан пардохта буд ва ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои "Нахустин нағмаҳо", "Сароб", "Сиёҳмашқ", "Шабгир", "Замин", "Чанд барг аз ялдо", "Сиёҳмашқи 1, 2, 3", "Ойина дар ойина", "Ёдгори сарви хун", "Девони ашъор" ба нашр расидааст.