Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International дар як изҳороташ рӯзи 7-уми август гуфт, “аз хашму нороҳатие”, ки гузориши ахираш дар бораи Украинаву ҳолатҳои дар хатар гузоштани ҷони сокинони мулкӣ дар муқовиматаш бо оташи Русия эҷод кардааст, “амиқан мутаассиф аст”. Дар гузорише, ки рӯзи 4-уми август нашр шуд, ин созмон мегӯяд, ки муқовимати низомиёни украинӣ аз мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии воқеъ дар маҳалҳои серодам ҳаёти сокинони мулкиро дар хатар мегузоранд.
Дар мавҷи танқидҳо аз гузориш раҳбари дафтари намояндагии Amnesty International дар Украина ба истеъфо рафт ва гуфт, ки ин гузориш барои афзоиши таблиғоти зиддиукраинии русҳо мусоидат кардааст. Президент Владимир Зеленский гуфт, ки ин гурӯҳи ҳуқуқи башар “як давлати террористиро афв карда масъулиятро аз таҷовузгар ва дӯши қурбонӣ бор кард”.
Amnesty International айни замон гуфт, “мо аз далелҳои овардашуда дар ин гузориш ҳимоят мекунем” ва “ҳеҷ ҳолати сабткардаи мо дар робита бо нирӯҳои украинӣ ба ҳеҷ сурат хатокориҳои русҳоро сафед намекунад”. Дар изҳорот омадааст, ки гузориш ба ҳеҷ сурат ба он маъно нест, ки “Amnesty International нирӯҳои украиниро барои қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби нирӯҳои русӣ содир шудааст, ҷавобгар медонад ваё ин ки нирӯҳои украинӣ дар дигар ҷойҳои кишвар чораҳои эҳтиёткориро риоя намекунанд”.
Дар гузориши Amnesty International аз 19 ҳолати дар хатар гузоштани ҳаёти сокинони мулкӣ ёдовар шудаанд, ки ба навиштаи онҳо, дар деҳоти минтақаҳои Харков, Донбасс ва Миколаев рух додаанд. Дар изҳороташ ин созмон гуфт, ки дар дуруст будани интиқодаш шубҳа надорад ва ҳар ҳолатеро ба инобат гирифтааст, ки низомиён худро дар наздикии макони зисти сокинони мулкӣ қарор дода хатари омадани оташи русиро ба миён овардаанд. Вале ба навиштаи Amnesty International, нороҳативу хашме, ки ин гузориш эҷод кард, қобили дарк аст. “Amnesty International аз нороҳативу хашме, ки ин гузориш дар бораи шеваи ҷанги низомини украинӣ эҷод кардааст, амиқан мутаассиф аст”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Раҳбари дафтари Amnesty International дар Украина аз мақомаш истеъфо додУкраинаро барои дар хатар гузоштани сокинони осоишта танқид карданд