Корвони киштиҳои Украина ба самти Чин, Италия ва Туркия ҳаракат карданд

Нахустин корвони киштиҳо рӯзи 1-уми август аз Украина берун шуданд.

Мақомоти Украина хабар доданд, ки субҳи 7-уми август корвони киштиҳо бо маҳсулоти ин кишвар аз бандари Одеса ва Черноморск ба роҳ баромаданд.

Ин се киштӣ 170 ҳазор тонна гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ доранд ва ба самти Туркия, Италия ва Чин ҳаракат мекунанд.

Ин дуюмин корвони киштиҳои украинӣ ҳаст, ки пас аз созиш бо Русия ва дигар кишварҳо маҳсулоти кишоварзии Украинаро барои фурӯш берун мебарад.

Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина роҳи ин кишвар ба баҳр баста буд. Рӯзи 22-уми июл Русия бо миёнаравии СММ ва Тукряи бо Украина барои берун кардани маҳсулоти кишоварзиаш тариқи се бандар созишнома имзо кард.

Александр Кубраков, як мақомдори украинӣ, гуфт, тасмим доранд, ки моҳе тариқи сад киштӣ молу маҳсулот ба хориҷ интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, Укриана ба харидорон то 3 миллион тонна маҳсулот интиқол доданист.

Ҳафтаи гузашта, бори аввал пас аз созиш, Украина бо чор киштӣ 80 ҳазор тонна маҳсулотро ба хориҷ интиқол дода буд.

Ҷанги бесабаби Русия бо Украина рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта шуданд ва миллионҳо нафар аз кишвар фирор намуданд.