Рӯзи 6-уми август дар шаҳри Кобул таркише рух дод, ки бовар меравад, чандин нафарро маҷрӯҳ намуд. Таркиш дар як кӯчаи серодами тиҷоратии воқеъ дар самти ғарбии Кобул рух дод, ки дар он одатан намояндагони ҷомеаи шиаёни маҳаллӣ мулоқот мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳои ҳаракати бошитоби мошинҳои ёрии таъҷилииро ба ҷои ҳодиса намоиш медиҳанд.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Вале он дар остонаи маросими Ошӯро рух дод, ки чун азодорӣ дар Ҳусайн, набераи Муҳаммад-пайғамбар шинохта шуда, дар суннатҳои динии шиаҳо санаи муҳим ба шумор меравад.
Ин таркиш дар ҳолест, ки дирӯз, 5-уми август ҳам дар маҳаллаи ҳазораҳои Кобул, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, таркиши бомбае ҷони 8 нафарро гирифт. Масъулияти таркишеро, ки дар он инчунин 18 кас захмӣ шуд, гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба ӯҳда гирифт.