Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармони баланд бардоштани маоши кормандони давлатиро аз 1 августи соли равон имзо кардааст.
Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, маоши онҳое, ки дар вазоратхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, воҳидҳои ҳудудии мақомоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ кор мекунанд, аз 86,4% то 151,3% зиёд шудааст.
Барои намуна, агар мутахассиси пешбари як вазорат дар Қирғизистон то 1 август 21 ҳазор сом (ҳудуди 250 доллар) мегирифт, пас аз 1 август маоши ӯ 49 ҳазор сом хоҳад шуд.
Ин фармон маоши чи қадар кормандонро афзоиш додааст, гуфта намешавад.