Ош бе пиёз мешавад? Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд боло рафт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон омилҳои болоравии нархи сабзавот, аз ҷумла пиёзро шарҳ доданд.

Ба гуфтаи мақомот, сабаби асосии гаронии ин навъи сабзавот ба содироти зиёди он ба кишварҳои ҳамсоя ва гаронии нархи доруву сӯзишворӣ рабт мегирад. Харидорону сокинони вилояти Суғд мегӯянд, аз давом кардани гарониҳо нигарон ҳастанд.