“Барқи тоҷик” ҳаҷми пардохтҳо аз истифодаи роҳи Душанбе-Чаноқро гузориш дод

Акс аз бойгонӣ

Роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, барои убури мошинҳояш аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS зиёда аз 29 млн. сомонӣ пардохт кардааст. Ин яке аз камтарин ҳолатҳоест, ки ширкатҳо маблағи додаашонро ба ширкати IRS расонаӣ мекунанд. Худи ширкати IRS, ки номи соҳибаш маълум нест, ҳеч гоҳ дахлу харҷашро нагуфтааст.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи имсол барои убури 150 мошини боркаши ширкат аз роҳи Душанбе-Чаноқ, ба ширкати IRS 29,2 млн. сомонӣ (2,9 млн. доллар) додаанд.

Ҷаноби Асозода гуфт, мошинҳои онҳо дар фасли тобистон аз конҳои ангишт барои Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе ангишт меоранд. “Ин маблағ дарбар мегирад чӣ гузариш аз терминалҳои IRS ва тарозуҳое, ки вазнро бармекашанд,”-афзуд раиси “Барқи тоҷик.”

Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пардохти пул- насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад. Ин ширкат, ки аз пардохти андозҳо озод аст, ҳеч гоҳ нагуфтааст, ки аз ҳисоби нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ чӣ қадар маблағ ба даст меорад. Баъзе сомонаҳои марбут ба мухолифин қаблан навиштаанд, IRS аз ҳисоби нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ солона аз 70 то 100 млн. доллар фоида мегирад. Масъулони ширкати IRS борҳо гуфтаанд, онҳо бар ивази пулчинӣ аз ин роҳ даҳҳо миллион сомониро барои тармим ва поккории роҳ аз барфу сангреза харҷ мекунанд.