Лавров: Маскаву Тошканд дар мавриди Афғонистон мавқеи наздик доранд

Сергей Лавров

"Дар мавриди эътирофи воқеиятҳои Афғонистон ва робита бо роҳбарияти ҳозираи он кишвар, Русияву Узбекистон "мавқеи наздик" доранд," -- гуфт Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия баъди дидор бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев.

Узбекистону Русия тасдиқ карданд, ки тасмим доранд, бо роҳбарияти кунунии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора Сергей Лавров дар мусоҳиба бо расонаҳои Узбекистон хабар дод.

"Тошканд соли аввал нест, ки пойтахти чорабиниҳои махсуси байналхалқӣ мегардад ва мавзуи Афғонистон дар он баҳс мешавад", - афзуд Лавров.

Дар конфронси байналхалқӣ дар Тошканд рӯзи 26-уми июл намояндаи махсуси Узбекистон дар умумри сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов гуфт, масъалаи эътирофи ҳукумати нави Афғонистон дар дастури кор нест. Аммо вай гуфт, тамоюли мусбатеро мушоҳида мекунад, ки "Толибон" ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар талоши ёфтани роҳи ҳал ҳастанд.