Мақомоти Чин гуфтанд, қарор аст вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар доираи сафараш ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой инчунин аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Сухангӯи ВКХ-и Чин Жао Лиян рӯзи 27-уми июл гуфт, Ван И рӯзҳои 28-29-уми июл дар Тошканд дар ҷаласаи вазирони СҲШ ширкат мекунад ва пеш аз ин ҷаласаву баъди он қарор аст дар Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сафарҳои расмӣ анҷом диҳад. Дар изҳороти сухангӯ таъкид шудааст, ки ин сафар бо даъвати вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо анҷом мешавад.
Дар Тоҷикистон сухангӯи ВКХ Шоҳин Самадӣ ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки ин сафар рӯзҳои 31 июл-1 август доир мешавад ва қарор аст Ван И бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору мулоқот кунад. Самадӣ гуфтааст, ки дар ин мулоқот ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ мегардад.
Чин муҳимтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва то соли 2022 мизони сармоягузории ин кишвар аз марзи 3 миллиард доллар гузашта, қарзи хориҷии Душанбе дар назди Пекин 1 миллиарду 123 миллион долларро ташкил додааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо иҷрои тарҳҳое ба мисли бунёди роҳҳо, нақбҳо, истгоҳҳо ва хатти барқ шуруъ шуда, бо сохтмони иншооти муҳиме чун бинои порлумону ҳукумат идома меёбад.
Мунаққидон афзоиши торафти вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро аз Чин чун мояи нигаронӣ таъкид мекунанд.