Баъзе аз мансабдорони тоҷик аз тарси қонуни танзим ва расонаӣ шудани номашон ҷашну маъракаи хонаводагии худро ба номи наздиконашон сабт ва барпо мекардаанд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, мансабдорон барои вайрон кардани қонуни танзим аз мақом барканор мешаванд. Масъулони Кумитаи дин ҳоло иқрор мекунанд, ки мансабдорон як роҳи фирор аз ин ҳолатро ёфтаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, дар ним сол беш аз чаҳорсад мавриди вайрон шудани қонуни танзим сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат бештар аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ аз масъулони Кумитаи дин пурсид, ки чанд мансабдор қонуни танзимро поймол карданд. Мақомот аз зикри омор худдорӣ карда, танҳо гуфтанд, соли гузашта 8 мақомдор барои нақзи қонуни танзим аз мақом барканор шуданд. Аз ҷумла, мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Турсунзода ва як корманди гумрук дар вилояти Суғд ба нақзи қонуни танзим гунаҳкор шудаанд. Назари худи онҳо дастрас нест.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ гуфт, баъзе аз мансабдорон маросими худро ба номи наздиконашон сабт мекунанд. Дар чунин ҳолат, ба гуфтаи Давлатзода, муайян кардан душвор аст, ки соҳиби воқеии маърака кист.
“Маъракаро ба номи ҳамсараш менависад. Ё ба номи домоду арӯс сабт мекунанд. Худаш мансабдор аст, аммо фарзандаш шахси одӣ. Маърака ба номи фарзандаш сабт шудааст. Соҳиби маърака кӣ аст? Фарзандаш аст. Мо то ҳадди имкон кӯшиш мекунем, аз ин пешгирӣ кунем,” -- гуфт раиси Кумитаи дин.
Изҳороти Сулаймон Давлатзода аз камтарин эътирофи як мақомдор аст, ки як роҳи фирори мансабдоронро аз қонуни танзим нишон медиҳад.
Қонуни баҳсбарангези танзим 15 сол пеш қабул шуд.
Аз миёни мансабдорони баландпояи кишвар муҷозоти ягон нафар барои нақзи қонуни танзим расонаӣ нашудааст. Сайфиддин Назарзода, мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз мақомдороне буд, ки соли 2017 барои зиёд даъват кардани меҳмонон дар тӯйи писараш аз мақом барканор ва беш аз 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Назарзода аз оғоз ин ҳукм ва тамоми иттиҳомоти зидди худро ноодилона ва дур аз воқеият номида буд, вале кӯшишҳояш барои исботи бегуноҳӣ дар додгоҳ натиҷа надод.
Қонуни танзимро баҳсбарангез меноманд, чунки дар баробари танзими харҷу хароҷоти маъракаҳо ва шумори меҳмонон, назорат аз иҷрои он ҳам барои бисёриҳо дардисар овард.
Аз сӯи дигар мақомотро танқид мекунанд, ки ба дунболи пешгирӣ аз харҷи зиёд дар маъракаи сокинон ҳастанд, аммо ҷашнҳои давлатиро пурдабдаба мегузаронанд.