Сарвазири Маҷористон (Венгрия) аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия даъват кардааст, ки барои хатми ҷанг дар Украина музокироти сулҳ баргузор кунанд.
Виктор Орбан афзудааст, Киев наметавонад, ба зидди нерӯҳои ба гуфтааш бузурги Маскав пирӯз шавад.
Ӯ ҳангоми суханронияш дар Руминия рӯзи 23-юми июл аз стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия низ танқид кард. Орбан бовар дорад, тасмим ба зарари Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.
"Танҳо музокироти Русия ва Амрико метавонад, ба низоъ хотима бахшад. Русия мехоҳад, кафолати амниятӣ дошта бошад, чизе, ки танҳо Вашингтон дода метавонад," – илова кардааст ӯ.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бо баҳонаи бардурӯғи ҳифзи ҳуқуқи русзабонҳо дар Донбасс ба Украина ҳамла кард.
Аз он замон то ҳоло ҷанг дар Украина идома дорад. Бар асари он ҳазорҳо кас кушта ва миллионҳо нафар бехонаву дар ва паноҳҷӯ шуданд.