Озарбойҷон як фирории таҳти таъқибро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Озарбойҷон як шахси мавриди ҷустуҷӯро дар Тоҷикистон ба ин кишвар супурдаанд. Хабаргузории "Тренд" рӯзи 19-уми июл бо такя ба дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон дар ин бора иттилоъ дод.

Манбаъ навишт, Додситонии кулли Тоҷикистон ба ҷониби Озарбойҷон дар робита ба истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева, ки "дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст", дархост фиристода буд.

Мирзоғоева ба гумони "қаллобӣ" ва "расонидани зарар дар ҳаҷми калон" мавриди пайгард қарор доштааст.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Озарбойҷон гуфтааст, Маҳбуба Мирзоғоева рӯзи 19-уми июл бо ҳамроҳии як ҳайати махсуси Хадамоти махсуси Вазорати адлияи Озарбойҷон ба Тоҷикистон расонда шуд.

Дар хабар зикр нашудааст, ки Мирзоғоева ба кӣ дар ҳаҷми калон зарари молӣ расонидааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар робита ба истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева ибрози назар накардааст.