Дар Эрон нигоҳдории ҳайвонҳои хонагиро манъ мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Порлумони Эрон лоиҳаи қонунеро баррасӣ мекунад, ки манъи нигоҳдории ҳайвонҳои хонагиро дар ин кишвар пешбинӣ мекунад.

Бино ба иттилои Би-би-сӣ, дар сурати қабули қонун, шаҳрвандони Эрон танҳо бо иҷозати махсуси комиссияи ҳукуматӣ соҳиби ҳайвони хонагӣ шуда метавонанд.

Барои воридоти ҳар гуна ҳайвон, ҳатто харгӯш ва сангпушт ба Эрон ҳудуди 800 доллар ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳайвонҳои хонагӣ дар ин кишвар "рамзи ғарбгароӣ" маҳсуб мешаванд.

Ба гуфтаи раиси Анҷумани бойторони Эрон ва мухолифи ин тарҳ Паём Муҳибӣ, баҳс дар ин мавзуъ беш аз даҳ сол мешавад, ки оғоз гаштааст. Лоиҳа борҳо баррасӣ ва бозпас гардонда шуд. Аммо дар пасманзари таҳкими эҳсоси муҳофизакорон дар Эрон шояд дар ояндаи наздик ин тарҳ тасвиб шавад.

Ба рӯйхати ҳайвонҳое, ки қонун нигаҳдории онҳоро манъ мекунад, сагу гурбаҳо низ шомил шудаанд.