Муҳаррири пешини Шабакаи аввали телевизиони Русия, Марина Овсянникова, ки дар пахши мустақими барномаи "Время" зидди ҳамлаи Русия ба Украина эътироз карда буд, боздошт шудааст.
Дар Телеграм чанд аксеро аз лаҳзаи боздошти ӯ нашр карданд. Зоҳиран ӯро ҳангоми сайругашт бо дучарха дар вилояти Маскав боздошт кардаанд.
Ҷойи нигаҳдории ӯ ва сабаби боздошташ ҳанӯз маълум нест. Вакили дифоъ наметавонад, бо ӯ тамос гирад. Мақомоти интизомии Русия ҳанӯз сабаби боздошти хабарнигорро шарҳ надодаанд.
Ду рӯз пеш, Марина Овсянникова дар назди Кремл, бо акси кӯдакони кушташудаи украинӣ ва бо шиорҳои “Путин – қотил, сарбозони ӯ – фашист” пикет ё намоиши эътирозӣ ташкил кард. Он замон ӯ боздошт нашуд.
Овсянникова ба хабаргузории Sota дар бораи боз шудани як парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми бадном кардани артиш хабар дода буд.
Марина Овсянникова, муҳаррири пешини Шабакаи аввали телевизиони Русия, баъд аз он мшаҳур шуд, ки дар як барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия бо шиорҳо алайҳи ҷанг дар Украина дар пушти сари ровӣ пайдо шуд.
Дар овезаи дасти ӯ "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо Шуморо фиреб медиҳанд" навишта шуда буд.
Марина Овсянниковаро баъди он эътироз 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Ӯ ба ташкили эътирози ғайриқонунӣ гунаҳкор шуд.
Баъд аз ин Овсянникова аз кор дар Шабакаи аввал хориҷ шуда ба хориҷа рафта буд. 3 моҳ дар нашрияи олмонии Die Welt таҷрибаоӯзӣ кард. Аввали моҳи июл хабарнигор эълон кард, ки ба Русия баргаштааст. Сабаби бозгашташро ширкат дар мурофиаи судӣ барои бо худ гирифтани духтари ноболиғаш гуфт.