Доллар ба боло, нархи маҳсулот ба боло. Доллар ба поин, нархҳо чӣ?

Болоравии нархи маводи ниёзи аввал дар бозорҳо, ки аз аввали сол бори чандум аст мушоҳида мешавад, рӯзи 13-уми июл баҳси зиёдеро дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба миён овард.

Журналистон аз шикояти сокинон дар мавриди танзим нашудани нархи бозор мегуфтанд, вале масъулин далелҳои худро пеш меоварданд.

Маъмулан баҳонаи асосии болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтани қурби асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари амрикоӣ аст. Нигаронии хабарнигорон ин буд, ки чаро дар ҳолати поён шудани қурби доллар дар баробари сомонӣ, нархи молу маҳсулот дар бозорҳо бетағйир мемонад.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди танзимкунандаи нарх дар бозорҳои кишвар, гуфтанд, аксар маҳсулоти ниёзи аввал воридотӣ аст ва болоравии нархи онҳо ба кишварҳои содиркунанда вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, онҳо далел оварданд, ки на дар ҳама ҳолат ҳаққи дахолат ба нархи бозорро доранд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, гуфт, "танзими давлатӣ танҳо дар ҳамон 19 номгӯи молу маҳсулоти аз нигоҳи иҷтимоӣ зарурӣ амалӣ карда мешавад. Ва он ҳам дар он сурат, ки тибқи санадҳои кабулшуда, баландшавии нарх то 20 дарсад дар як моҳро ташкил диҳад."

Афзоиши нархи маҳсулот дар Тоҷикистон барои мардуми бекору камдаромад ва хонаводаҳои фақир, ки шумораашон кам нест, таъсир дорад. Нигина, як сокини пойтахт мегӯяд, болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо бо баҳонаи тағйирёбии қурби доллар чандон кори дуруст нест ва ин бояд танзим шавад. "Барои мардум осон нест, дар ҳоле ки хонаводаҳои тоҷик калон аст ва мардум аз се то панҷ кӯдак доранд," -- гуфт ӯ.

Агар масъулон баҳонаи болоравии нархи маҳсулотро ба молҳои воридотӣ ва кишварҳои содиркунанда рабт медоданд, журналистон гуфтанд, пас, чаро маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳамингуна рӯ ба гароншавӣ дорад?

Саидалӣ Зарифзода, як масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ, сабаби онро ба ҳавои номусоиду камбориш ва ҳосили андак рабт дод. Вай гуфт, имсол истеҳсоли пиёз дар кишвар кам буд ва аз сабабе, ки дар бозори молӣ маҳсулот камчин мешавад, албатта нархаш меравад".

Иқтисоди Тоҷикистон, ба гуфтаи муассисаҳои байнулмилалии молӣ, дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ осебпазир аст. Бозоршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, мақомотро зарур аст, ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандиро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд.

Саидэҳсон Ҷалолиён, журналисти тоҷик, ки масоили иҷтимоиро пайгирӣ мекунад, гуфт, "зоҳиран мушкил дар тоҷирон аст, ки бо нархе, ки мехоҳанд, маҳсулоташонро ба фурӯш мегузоранд. Шояд назорати ҷиддӣ дар ин самт нест."

Вале намояндагони Хадамоти зиддимонополӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ним соли 2022 даҳҳо тоҷирро ба гуноҳи ба гуфтаашон "беасос боло бурдани нархи маҳсулот" зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Айни замон пинҳон намедоранд, ки бо вуҷуди ин дасти кӯтоҳтаре доранд ва дар ҳама ҳолат наметавонанд ба "бесарусомонӣ" дар нархи бозорҳо таъсир расонанд, аммо намегӯянд, кӣ ё чӣ ба онҳо монеа мешавад.