Тағйироти кадрӣ. Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ нав шуд

Мавлуда Қаландарзода

Мавлуда Қаландарзода аз мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Рустам Мирзозода таъин шудааст.

Фармони раиси ҷумҳур дар ин бора рӯзи 13-уми июл содир шуд, вале порлумони Тоҷикистон онро бояд бипазирад.

Рустам Мирзозода то ин дам дар мансаби раиси Додгоҳи вилояти Хатлон кор мекард.

Мавлуда Қаландарзода соли 2017 ба мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ расид. Пештар аз он вакили Маҷлиси Намояндагон буд.

Сабаби барканории ӯро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд, вале шарҳ надоданд, ба кадом идора ё мансаб.

Рӯзи 13-уми июл чанд додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон низ дигар шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Мақомот додгоҳро як шохаи мустақил медонанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.