Рӯзноманигор Тоҷимуродов ба кӯшиши "ғасби ҳукумат" гумонбар шуд

Шаҳри Нуқус, 1-уми июли 2022

Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов ба кӯшиши ғасби ҳокимият ё сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар Қарақалпоқистон, ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон, гумонбар шудааст.

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 8-уми июл дар баёнияе гуфт, ки ӯ дар боздошт аст.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад. Яке аз суханронҳо Давлатмурод Тоҷимуродов буд.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.