Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар маҳбаси "Якум Советский" дар Душанбе ҷой кардаанд. Ӯ ҳангоми таҳқиқи парвандаи дувумаш чанд моҳи охир дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд.
Иззат Амон соли 2021 дастгир ва бар асоси ду парванда ва ба гуноҳи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шудааст. Худи ӯ пештар гуфта буд, бо ҳукмҳо розӣ нест, вале шикоят намекунад, зеро "ба адолати додгоҳӣ дар кишвар бовар надорад".
Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон, рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дид. "Хеле суҳбат кардем, рӯҳияаш хуб буд. Шикояте надошт. Рӯзи 5-уми июл ба зиндон бурданд," – афзуд ӯ.
Иззат Амон, раиси пешини созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони корӣ ҳимоят мекард, моҳи марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави он кишвар ронда шуд. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ӯро бар асоси даъвои чанд нафар дастгир ва маҳкум карданд.
Худашу наздиконаш даъвоҳои пулиро беасос донистанд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, қазия сиёсӣ аст, чун дар суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро низ танқид мекард.