СММ ҳалокати 17 рӯзноманигорро дар ҷанги Украина тасдиқ кард

Украина, марти соли 2022. Акс аз бойгонӣ.

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина 17 хабарнигор кушта ва 14 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар Шӯро гузориши маъмурияти СММ дар бораи ҳуқуқи башар дар Украина баррасӣ шуд.

Ба иттилои СММ, чаҳор хабарнигори захмӣ гуфтаанд, ба далели фаъолияти касбиашон таъқиб шуданд. Ҳадди ақал ҳафт нафар дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд. Ба эҳтимоли зиёд, панҷ нафари онҳо аз тири сарбозони рус ба ҳалокат расидаанд. Панҷ рӯзноманигори дигар дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ кушта шуда, дар ҳамаи ҳолатҳо шахсияти ҳамлагарон муайян нагаштааст.

Як рӯзноманигорро низомиёни Русия рабуда ва баъди шиканҷа раҳо кардаанд, вале дертар фавтидааст.

Созмони Милал мегӯяд, дар миёни рӯзноманигорони кушташуда ва захмӣ дастикам панҷ зан, аз ҷумла корманди бахши украинии Радиои Озодӣ Вера Гирич ва хабарнигори рус Оксана Баулина низ ҳастанд.