Афзоиши нигаронӣ аз тарҳи мубодилаи зиндониён миёни Эрон ва Белгия

Асадуллоҳ Асадӣ.

Порлумони Белгия рӯзи 5-уми июл тарҳеро баррасӣ мекунад, ки қабули он метавонад роҳро барои табодули як дипломати эронӣ ҳамвор кунад.

Асадуллоҳ Асадӣ, дипломати 50-солаи эронӣ, ки дар сафорати Эрон дар Австрия кор мекард, муттаҳам аст, ки маводи таркандаи нимкилоиро ба як ҷуфти эронии муқими Белгия дод, то моҳи июни соли 2018 ҳамоиши созмони "Муҷоҳиди халқ"-ро дар атрофи Порис ҳадафи ҳамла қарор диҳанд.

Ин тарҳ аз сӯи вакилони мухолифи ҳукумати Белгия ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Ба гуфтаи онҳо, дар қабули ин тарҳ роҳро барои интиқоли Асадуллоҳ Асадӣ ба Эрон, ки соли 2021 дар Белгия ба 20 сол зиндон маҳкум шуд, боз мекунад.

Ҷорҷ Даллемагне, намояндаи порлумони Белгия, гуфтааст, ҳукумати кишвараш эҳтимолан ба унвони "иқдоми инсондӯстона" Асадиро бо Аҳмадризо Ҷалолӣ, шаҳрванди дутобеиятии эрониӣ-шветсиягӣ ва устоди Донишгоҳи Брюссел, ки дар Эрон маҳкум ба қатл шудааст, мубодила хоҳад кард.

Ҷалолӣ муттаҳам ба ироаи маълумот ба Исроил мешавад, ки дар террори шуморе аз донишмандони баландпояи ҳастаӣ мадад кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё вай шомили ин қонун мешавад ё не, чун шаҳрванди Белгия нест.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Белгия рӯзи 5-уми июл ба бахши эронии Радиои Озодӣ аз боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар Эрон дар моҳи феврал хабар дод.

Ҳамзамон Вазорати адлияи Белгия рӯзи сешанбе бо таъйиди ин хабар эълон кард, ки иттиҳоми ин шаҳрванди белгиягӣ барои боздошт дар Эрон "ҷосусӣ" қайд шудааст.