Рӯзи 27-уми июн аз дохили як мошини боркаш дар шаҳри Сан Антонио дар иёлати Техаси Амрико ҷасади 46 муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо кардаанд.
Телевизиони шаҳрии КСАТ гузориш дод, ки мошинро дар яке аз гӯшаҳои дурдасти Сан Антонио дар наздикии марзи Амрикову Мексика ёфтанд.
Мақомоти пулис гуфтанд, дар дохили мошин 12 калонсол ва 4 наврасро зинда пайдо карда, ба бемористон бурданд.
Ба гуфтаи мақомот, нидои кумак аз дохили мошинро, ки дараш нимабоз будааст, як коргаре шунида ва ба мақомот хабар додааст.
Рон Ниренберг, раиси шаҳри Сан Антонио, ҳодисаро “фоҷиаи ваҳшатангез” номид.
Ҳазорон нафар ҳар сол аз марзи Мексика ғайриқонунӣ ба қаламрави Амрико ворид мешаванд ва қочоқбарони инсон низ дар интиқоли ғайриқонунии онҳо нақши зиёд доранд.